Чаро ?(Почему )

Чаро абр мегиряд ?
Чаро ашк мерезад ?
Чунки табиат ҳам
гуссаву гам дорад ..
 
Чаро бод мехезад ?
Чаро шохи гул меҷунбад,?
Чунки табиат ҳам
Меҳрубони медонад ..
 
Чаро офтоб ғуруб дорад ?
Чаро боз бар фуруғ ояд ?
Чунки аз нестӣ
Худованд огаҳ месозад ..
 
Чаро тӯфон аст?
Чаро буҳрон аст ?
Чаро..баҳоронро..
Раъду барқ ҳамроҳ аст ?
 
Чун..зиндагӣ роҳи
Печутоб дорад
Мақсад..
Афтодану хестан дорад
 
Чаро умр ширин ..?
Чунки охират дорад
Ҳар лаҳза ганимат аст
Инро ҳар касе донад
 
Оре ,абр мегиряд ..
Чунки сабаб дорад ..
Гоҳ аз меҳр мерезад
Гоҳ бо қаҳр мерезад
 
Борони навбаҳор аммо
Суруди ишқ мехонад
Навои ишқ мехонад -
Рози ниҳонӣ мерезад .
 
Гиря аз гиря ..фарқ дорад
Ашки шӯр ҳасту ,ҳаст ашки шодӣ
Борони сарди тирамоҳ ҳасту
Ҳаст қатраҳои меҳри осмонӣ
 
 
Махфират Шукуҳӣ
17.05
01.05.2020