мурод(тадж)

мурод(тадж)
Гуфтам:"Ба мурод расам имрӯз ?
Гуфто :"Бо амри Худо шавӣ пирӯз !"
Гуфтам :"Чӣ кунам барои дидор ?"
Гуфто :"Ҳеҷ ,сабри комил боядат дошт!"
 
Як рӯзе нест, ки қалби шикаста
Ёри номеҳрубонро накунад ёд!
Дарёи умед ..хушк шудаст ,лек
Зи борони тирамоҳ у дамад боз
 
Гуфтам :"Ба мурод расам имрӯз ?"
Гуфто ..Афсус,ҷаҳон -чаҳони номуродист
Лек ..ишқи тавоною ҳақиқӣ
Бар бод барад сад кӯҳи номуродӣ...
 
Субҳ ба хайр !
Субҳи нав бо умед.
 
Махфират Шукуҳӣ
10.10.
25.11.2020