Расад рузе- (наступит день ) (тадж)
Расад рӯзе ,
расад рӯзе,ки дида шод гардад
Мушарраф бар дидор гардад
Бихонад дил суруди тозаи нав
Бихонад бо навои мухаббат
Расад рӯзе ..
Расад рӯзе бо лутфи Худованд
Расад рӯзе ,ки гирем даст бар даст
Бигӯяд,қалб,он чӣ боядаш гуфт ,
Ки донад осмону бишнавад қалб
Расад рӯзе
Расад он рӯзи тирамоҳӣ
Ки борон чак-чак бар чатрам чакида
Бихонад он суруди меҳрубонӣ
Ба оханги аз Худованд расида
Расад рӯзе
Магар борон он рӯз ғусса дорад ?
Тирамох ояд сарду гирен?
На, он рӯз умр ояд шоду хандон
Зи дидори ширин,ширин шавад ком
Расад рӯзе ...
Расад рузе ,расад рӯзе,расад рӯз
К-он бо Шумо аст хушу фируз
Расад,рӯзе,расад рӯзе,расад рӯз..,
Расем бар қадри ҳар лаҳзаи умр
Махфират Шукӯхӣ
9,42
18.09.2020