Субх (утро) тадж

Субх (утро) тадж
Саломи субх
-----------
Чи гуям ,ман хамонам ,ман хамон
Бар Шумо ҳар субҳ мегӯям "Салом "
Ман ҳамонам,ки дорад умед,
Ки аз Шумо ояд ..як ҳарфи меҳр.
 
Бо шабнами субх бигӯям ман ,салом
Бо навои булбулон гӯям, салом
Зи дареи пир шунида панди умр
Оре,ганимат ҳар лаҳза ,гуям Салом
 
Ман ҳамонам ..ки сарояд ишқи гул !
Ишқи зиндаги,ишқи осмони кабуд!
Ман ҳамонам ,ки дар фуруги субх
Олами ишкро кашам бо килки гул ...
 
Ман ҳамонам,ҷони ширин,ман ҳамон
Замона дигар гашту ,лек ман ҳамон
Ман нагардам ...хеч аз роҳи худ
Мухаббат мепарварам дар қалби худ
 
Гарчи замона пурдарду алам.
Оҳи сузон ояд аз ҳар тараф
Лек. .поёни шаби сиёҳ аст сафед
Бар табассумхои ширин дорам умед
 
Нигохи гарм бахшад оламе
Олами зебо - бар дил чароғи қудрате!
Харфи ширин - умеди фардоро дихад
Бар ишк... боварии комил диҳад..
 
Махфтрат Шукухи
02,22
18,05,2020