Бо ту (тадж) С тобой

Бо ту   (тадж)   С тобой
Агар хандам ,бо ту механдам
Агар гирям , бо ту мегирям.
Хар нафас..бо ту ҳастам
Ҳамнишину
ҳамсӯҳбат... ҳастам
 
Шабҳо бо ёди ту биншинам
Субҳ бо ёди ..ту бархезам
Насим аз ту ...хабар орад
Шабнам аз рози ман гӯяд.
 
Осмон бо ту ..кабуду соф
Замин бо ту ..мамнуну шод
Борони ..нарми баҳор
Резад меҳри ту саршор.
 
Аз ин рӯ ҳаёти ман ...
Шукуфон ..аз як ҳарфи ту
Дида кашад барқи умед..
Ба роҳи дидори ту. ..
 
Гарчи солҳо бигзашт
Ҳарчи чи буд шуд- бигзашт
 
Лек то ҳол бо ту ....механдам
То ҳол.... бо ту ..мегирям.
Бар ту гӯям рози дил..
Худ бо худ -чун девона мегардам
 
Гар фарсахҳо ...дурӣ
Медонам,ки мешнавӣ
Медонам ,ки мехонӣ
Медонам...ки медонӣ..
 
Агар хандам бо ту механдам
Агар гирям бо ту мегирям
Такягоҳи ман ..қалбу ту ..
Биҳишти...ман ...мехри ту
 
Агар чи дури ,лек
Ҳамеша ..бо ту ҳастам....
Бо ту гуфтугӯ дорам
Худ ба худ .
.чун девона мегардам
 
Гарчи масофаҳо. Гар чи борону
укъюнусҳо.
Надоранд онҳо... маъни..
Бо ту ..қалбам ҳар лаҳза ..
Гар чи ту намедонӣ ....
 
Махфират Шукуҳӣ
024
26.03.2020