не упрекай- гила накунед (тадж)

не упрекай-   гила  накунед (тадж)
Гила накунед аз мани содда
Гохе бар Шумо гар кунам шикоят
Шикояти ман - шеъри тоза
Бо фоизи умри гузашта ..
 
Гоҳе ман пагоҳу бегоҳ
Бар Шумо ҳарфи роз менависам
Охир,ин дили сабилмонда
Еди Шумо мекунад тапида!
 
Гила накунед аз мани содда
Гар хато равад қалами ман
Бар субҳ накунам шикоят
На бар ғуруби солҳои гузашта..
 
Ин ҷо қалам бо сари хам,
Узрнома хост бар Шумо нависад
Лек,боз навишт аз муҳаббат
Ва боз кунад ..аз фироқ шикоят ..
 
Гила накунед аз мани содда
Қалб бо ишқ ҳамеша пайванд !
Бахше ...аз осмони меҳр
Овард субҳ нури Худованд ..
 
Субҳ ба хайр !
 
Махфират Шукуҳӣ
7.28
17.12.2019