Если бы (тадж)

Если бы    (тадж)
Кош будам ман дар ин чахон
Як катраи оби зулоли чашмаҳо
Кош будам дар рӯи Замин
Барги гулҳо..як барги есумин
 
Пас ,афсус намехӯрдам,чунин
Қатраи об дорад арзише !
Гул бо баргҳои пурнозу нафис
Зебову ширин бигуяд рози дил..
 
Як нафас ..гар мебудам сабо,
Парвоз суи Шумо мекардам
Кош...мебудам ман субҳи рӯз
Бар Шумо нури худ меафрохтам
 
Кош ...мебудам ман як лаҳзае..
Он барги тиллоӣ ,ки нигоҳ андохтаед
Бо нигоҳи гарм ,як лаҳзае
Баҳори сабз бар у бахшидаед..
 
Кош мебудам боре шому шаб
Намехурдам афсӯси шабхои фирок
Меомадам ..ман дар вақти худ ..
Рафтани ман буд эҳтимол..
 
Кош мебудам ..як барги гул
Як катраи оби зулоли чашмаҳо !
Лек, одамам ва бо калби пок ,
Аз Шумо...як саломе интизор. .
 
Махфират Шукуҳӣ
8.54
30.11.2019