мухаббат (тадж)

мухаббат (тадж)
Ба ашки дида гуфтам :"Чаро боз
Чакра- чакра зи рухсорам гузаштӣ ?
Лабонамро бибусидӣ,на ширин,
Балки талхии дунёро ..расондӣ..
 
Ба чашмонам охиста гуфтам :
"Ку он нури меҳру муҳаббат?
Чаро маҳзун ҳастеду хаставу сард ?"
Шунидам: "Вафое нест бар ваъдаю аҳд.."
 
Бар кафи дастонам бигуфтам :
"Ба ед доред.. гармии дастон?"
Кафи дастро ҳар хатти шикаста ..
Бигуянд аз он рӯзи баҳорон
 
Бар лабонам- лабони хушку беранг
Бигуфтам:"Ку он лутфу нафосат ?!"
Бигуфтанд,ки гузашта солҳо...
Аз он як ...бӯсаи гарми муҳаббат ...
 
 
Махфират Шукуҳӣ
12.18
27.11.2020