салом (тадж)

салом  (тадж)
Ман навиштам номахо бо сабо
Буд бо шаҳди муҳаббат ҳар яке ...
Ҳар якеро..буд охир як савол.
Лек бар яке ҳам наомад...ҷавоб
 
Бигуфтам аз муҳаббат бар Шумо
Иштибоҳе нест , оре ,бар Шумо
Печутоби қалбро солҳои сол
Ман кунун кардам ифшову интишор
 
Қалб..солҳо..буд интизор,
Шояд дидор афтад иттифок
Бо ҳама меҳри солҳои дароз
Бар Шумо оҳиста гуям "Салом."
 
Салом-саломи ишки оташини ман
Салом-салом ишки пурбардори ман..
Саломи дили пуртугьени ман
Салом ...аз шабхои танхоии ман
 
Саломи ман бо буи навбахор
Чун кабутар парад суи Шумо
Дар фазои .осмони кабуд
Рамзи ишкро кашад дар парвози худ
 
Ман навиштам номахо солхои сол
Аз мухаббат гирифт..у ибтидо
Бо шабнам дода ман рангу об
Харфи ишкро мондам дар интихо ..
 
Махфират Шукуҳӣ
11.45
07.04.2020